Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳамчун раҳнамои миллат мардуми кишварро ба сӯи ояндаи босаодат, зиндагонии шоиста, созандагию ободонӣ ҳидоят намуда, ҳар як фарди ҷомеаро ба ҳифзи бузургтарин дастовардҳои миллат, истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват менамоянд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки масъалаҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа дар ҳама Паёмҳои сарвари давлат мавзӯи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад. Ба масъалаҳои дар боло зикргардида, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани Пешвои миллат омилҳои объективии худро дорад, ки Сарвари хирадманди мо онро хеле хуб дарк намудаанд. Яке аз ин омилҳои асосии ин масъала ояндаи миллат будани ҷавонон мебошад. Бо назардошти ин таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон афзалият дода шуд. Баъд аз шаш моҳи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни асосии ҷавонон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”. (13.03.1992) тасдиқ гаштааст, шаҳодати ин гуфтаҳо аст. Президенти кишвар сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа пазируфта таъкид намуда буданд: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти кишвар ҳисобида, авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».
Ҳамин равиши муваффақонӣ боис гардид, ки дар саросари кишвар татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои шоёне мушарраф гардида ҷомеаи моро шоҳиди ибтикороту иқдомоти наҷиб гардонад.
Агар мо ба тахрихи фаъолияти ҷавонон дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон назар афканем маълум мегардад, ки солҳои аввали истиқлолият ташкилоту созмонҳои ҷавонон қариб бе ягон дастгирӣ фаъолият дошта амал менамуданд.
Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо созмону ташкилотҳои ҷавонон чун таҳкимбахши сутуни давлатдории миллатамон баҳри пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон саҳмгузор мебошад.Ҷавонон имрӯз чун узви ҷомеа дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатдориамон ба мисли илм, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Пешвои миллат дар Паёмашон аз 23 – апрели соли 2014 доир ба тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбия намудани ҷавонон сухан ронда қайд намуда буданд, ки «Дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ вазифаи ҷомеа ва аҳли зиё мебошад». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе 23. 04. 2014с. саҳ 31). Аз ин лиҳоз мо аҳли зиёро зарур аст,ки баҳри таълим ва тарбияи наврасон ва ҷавонони имрӯз дар руҳияи хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои милливу таърихӣ, меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, онҳоро дар ин шоҳроҳ бо қадамҳои нек ҳидоят намоем. Ҷавони имрӯз бояд огоҳ аз таъриху фарҳанги гузаштаи хеш бошад. Бе надонистани таърих, арз нагузоштан ба арзишҳои миллӣ бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ин қишри ояндасози ҷомеа – ҷавонон имконпазир аст. Президенти кишвар қайд намуданд «Бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки решаҳои таърихӣ, таҳкими истиқлолият, пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд».
Имрӯзҳо ҷомеаи моро бо сабаби ҷаҳонишавӣ чанде аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба ташвиш овардааст. Бо сабабҳои паст будани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати ҷаҳонишавии абадқудратҳо, бархӯрди тамаддунҳо, афзудани хатари ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ, бисёр ҷавонони мо ба созмону ташкилотҳои ифротгаро шомил ё пайравӣ менамоянд.
Бинобар ҳамин, бо назардошти гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақлид намудан ба фарҳанги бегонаву бегонапарастӣ, Пешвои миллат дар Паёмҳои минбаъдаашон низ ба масъалаи давлатии ҷавонон эътибори махсус медиҳанд. Бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандории ҷавононро бештар ба корҳои роҳбарикунандаи идоракунии давлатӣ ҷалб менамоянд. Аз ҷумла имрӯз ҷавонони то 35 сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатӣ ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ш. Душанбе саҳ 32 ).
Барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи насли ояндаи миллат аз тамоми роҳу усулҳои таъсирбахши тарбия ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷодкорона истифода бурда, насли ватандӯсту бомаърифат – ояндаи миллатро ба воя расонем.
Шамсиддинов Ш.
омӯзгори ДКМТ