Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Омӯзиши обу иқлим ва вазъи сайёра моро маҷбур месозад, то дар назди худ масъулияти бештар эҳсос намоем ва барои иҷрои рисолати хеш ва хидмат ба ҷомеа бештар талош намоем. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ фармуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳанӯз дар асри XX олимони соҳаи астрономия пешгӯӣ намуда буданд, ки садаи 21-ро равандҳои тағйирёбии иқлим дар пеш аст. Инак, бо гузашти беш аз 100 сол пешгӯйии коршиносони соҳа дуруст баромад ва имрӯз сайёраи Заминро равандҳои гуногуни тағйирёбии иқлим фаро гирифтаанд. Агар имрӯз хушксолӣ ва норасоии оби ошомиданиву маводи ғизоӣ як қисми давлатҳои оламро дучори мушкилӣ намуда бошад, якчанд давлатҳои дигар аз носолим гардидани фазои экологӣ, пайваста рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ ва обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи обии минтақаҳои гуногуни олам ба шумор мераванд, азият мекашанд. Яъне дар асри XXI новобаста аз рушду тараққиёти бесобиқаи илму техника, инсоният дучори ҳодисаву воқеаҳои табиӣ ва равандҳои пешгӯинашаванда гардида истодааст.
Дар ин миён бамаротиб афзудани аҳолии сайёра, ки шумораи он ба ҳолати 15 ноябри соли 2022 ба 8 миллиард нафар баробар гардид, низ мушкилоту масъалаҳои экологии ҷаҳонро боз ҳам душвор ва печидатар гардонида истодааст.
Тибқи омори расмӣ, дар дусад соли охир шумораи аҳолии кураи Замин 8 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки аввали асри 20 дар сайёраи Замин ҳамагӣ якуним миллиард нафар умр ба сар мебурд. Агар дар ибтидои асри 21 шумораи аҳолии дунё ба 6 миллиард нафар мерасид, ин шумора соли 2011 ба 7 миллиард нафар баробар гардид. Яъне дар миёни 11 сол аҳолии сайёра ду миллиард нафар зиёд гардид.
Дар асоси ҳисоби СММ, шумораи аҳолии Замин то соли 2030 ба 8,6 миллиард, то соли 2037 ба 9 миллиард, то соли 2050 ба 9,5 миллиард ва соли 2058 ба 10 миллиард нафар хоҳад расид.
Тибқи назарияи коршиносони соҳа, ҳамасола талабот ба оби ошомиданӣ дар кураи Замин то ба 64 млн куб меафзояд. Масалан, агар давоми солҳои 1950-2016 аҳолии Замин се маротиба зиёд шуда бошад, дар ин давра талабот ба оби ошомиданӣ 17 маротиба зиёд гардид. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, соли 2025 қариб 50% ва соли 2050 қариб 75%-и аҳолии Замин норасоии оби ошомиданиро ҳис хоҳанд кард, ки ин масъала дарвоқеъ боиси нигаронӣ мебошад.
Мутаассифона, бинобар сабаби норасоии оби ошомиданӣ мардум маҷбур мешаванд, ки обҳои ба талабот ҷавобгӯ набударо истеъмол намоянд ва ё онро муддати тӯлонӣ нигоҳ доранд, ки ин омил боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо мегардад. Имрӯзҳо дар бештари кишварҳои қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд. Муайян гардидааст, ки норасоии оби ошомиданӣ яке аз сабабҳои асосии афзоиш наёфтани кӯдакон ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Олмони Донишкадаи тадқиқотии Уқёнуси Ором исбот намудаанд, ки давоми бист соли оянда 34 миллион сокини сайёраи Замин дар пайи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ба назари мутахассисон, норасоии об, аз ҷумла дар мамлакатҳои осебпазир боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо гардида, бар асари он давоми ҳар як 8 сония як кӯдак бо марг рӯ ба рӯ шуда истодааст.
Коршиносон тахмин мекунанд, ки инсоният тӯли зиндагонии худ барои об мубориза мебарад, зеро об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо мебошад. Масалан, агар дар таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то синни яксолагӣ 80-85% об бошад, ин шумора то ба синни 18 расидани шахс 65-70% ва дар пиронсолӣ то ба 25% мерасад. Бинобар ин, лозим аст, ки баҳри таъмин кардани организми хеш бо оби босифат ва бо миқдори кифоя мубодилаи оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Бояд гуфт, ки ҳаёти инсон аз сифатнокии об низ вобаста мебошад, чунки он барои организми инсон пас аз кислород моддаи дуюм ба шумор меравад.
Муайян карда шудааст, ки дар ҳолати ихроҷи то 2%-и об аз бадани инсон шахс ташнагиро, дар сурати 6-8% ихроҷ гаштан ҳолати мадҳуширо, дар сурати 10% нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳумӣ (галлюцинация) пайдо мегарданд ва дар сурати 12% мавҷуд набудани об инсон мемирад. Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби нӯшокӣ зарур аст.
Ташаббсусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ғамхорӣ ба фардои насли башарият номид. Вобаста ба ин масъалаи мубрами байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 зимни суханронии хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки «вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо, мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».
Ҳамзамон соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” пешниҳод гардида буд, ки худи ҳамон сол Маҷмаи Умумии СММ қатъномае қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Ёдовар шудан зарур аст, ки фазои экологии ҷаҳон ҳар лаҳзаву сония метавонад тағийр ёбад, моро мебояд, ки баҳри ҳифзи табиати биҳиштосои кишвари азизамон бетараф набошем. Тоҷикистони мо барҳақ ҷаннати рӯйи замин аст. Манзараҳои дилфиребу тамошобоб, чашмаву дарёҳои пуртуғёнаш, бидуни шак, имрӯз зеботарин манзараҳои олам ба ҳисоб мераванд. Бояд ин зебоиҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Яъне ҳар сокини Тоҷикистон на танҳо ифтихор аз он намояд, ки дар чунин ватани биҳиштосо умр ба сар мебарад, балки бояд худро барои ҳифзи ин зебоиҳо масъул ва вазифадор шуморад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки дар раванди тағйирёбии босуръати иқлим табиати нотакрори кишварамонро аз хатари носолим гардидан эмин нигоҳ дорем.
Махсусан насли ҷавони кишварро бояд дар рӯҳияи дӯст доштани табиат, анҷом додани амалҳои неку созанда, аз қабили шинонидани гулу дарахтон ва ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани онҳо тарбия намоем.
Ҳар кадоми мо бо шинонидани ҳатто як дарахт метавонем дар сабзу хуррамгардонии кишвари азизамон саҳм гузорем.
Насриддинов Шаҳбоз
омӯзгори ДКМТ