ТАРБИЯИ ҶАВОНОН МУҲИМ АСТ

Мусаллам  аст, ки дар қонун тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию динӣ, категорияи иҷтимоӣ, мавриди назар буда, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки бо асосгирии меъёрҳои қонуни мазкур, дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.

Табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда,  қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.

Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.

Мову шумо хуб медонем, соҳае, ки мақоми аввалдараҷа дар ҳадафҳои стратегӣ ва фаъолияти сарварии Пешвои миллати мо дошт, ин мактаб ва маориф, нақши падару модар ва хонавода, яъне он омилҳое буданд, ки сифату қимати шахсияти ҷавонони мо ба онҳо вобастагӣ доштанд.  Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ  пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки дар як  давлати соҳибистиқлол ватани маҳбубамон умр ба сар мебарем  ва  роҳбари дилсӯзу ғамхор дорем, яъне Соҳибистиқлол шудани  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем.

Вале баробари ин ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо мекунанд. Бояд гуфт, ки   Пешвои милллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Имруз бо дастгириҳои Пешвои миллат навоварию  ихтироъкориҳо дар тамоми соҳаҳои гуногун, ба монанди: селексионӣ, кимиёвӣ, куҳию металлургӣ хеле бисёр мебошанд, ки барои рушди  ин соҳаҳо такон мебахшанд.

          Ҷавонон кувваи бузург хастанд ва ҳар миллат дар хар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.Ҷавонон  давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа,  ва  ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

 

Ғуломҳайдарова Х.

омӯзгори

Донишкадаи куҳию металлургии  Тоҷикистон