Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ-амалии факултети металлургия баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯратҷон, мудирони кафедраҳо ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд. Семинарро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ нақш ва мақоми омӯзгор, баланд бардоштани сифати таҳсилот, саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, таҳияи лоиҳаҳои мувофиқ ба соҳаи саноат, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, ҷараёнҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бозори меҳнат ва талабот ба он сухан ронда, таъкид намуд, ки мо омӯзгорон бояд пайваста барои пешрафти соҳа талош намоем ва ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, ҳамкориро бо корхонаҳои саноатӣ густариш бидиҳем.
Дар семинари имрӯза профессори донишкада Розиқов З.А. дар мавзуи “Пайдоиши фаъолияти муҳандисӣ, моҳият ва вазифаҳои он”, профессори кафедраи металлургия Назаров Х.М. дар мавзуи “Коркарди самараноки истеҳсоли металли тилло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ”, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, н.и.и. Мирсаидова Ф.А. дар мавзуи “Реҷаи корӣ ва бехатарӣ дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд”, ассистенти кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Х. Н. дар мавзуи “Аҳамияти логистикаи нақлиётӣ дар ҷаҳони имрӯз ва тамоюлҳои рушди он дар қаламрави вилояти Суғд”, ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова С.И. дар мавзуи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати забони давлатӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, ҳамзамон ба суолҳои ҳозирин посух доданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мавзуи маърузакунандагон таваҷҷуҳ фармуда, чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд ва сипас ба омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ва ассистенти кафедраи ташкили ҳамлу нақл барои маърузаи пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён кард.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ баргузор карда шуд.