БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН КАДБОНУ” ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ- ИЛМӢ

Имрӯз,  дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ озмуни “Беҳтарин кадбону” дар байни духтарон гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилоромхон, сардори шуъбаи бойгонӣ Ҳакимова Гулрухсор, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҷабборова Мавзуна, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқон , мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Дар озмуни “Беҳтарин кадбону” гулдухтарони донишкада бо ду даста тақсим шуда, барои ҳозирин ҳунарҳои хешро бо омода намудани, хӯришҳо, қаннодӣ, таомпазӣ ва тарзи таомпазӣ, ҳамзамон омода намудани рӯзномаи деворӣ нишон доданд.
Доварон аз ҳайати раёсат ба кори дастаҳои гулдухтарон баҳогузорӣ намуда, ба дастаи ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба ҳозирин миннатдории роҳбарияти донишкада ва хешро расонида, баргузории чунин озмунҳоро як роҳи тарбия унвон кард.
Дар интиҳо раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат суханронӣ карда, ба ду дастаи гулдухтарон ба хотири фаъолона ширкат намудан, маблағ ҳадя намуд.