ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ОСИМИ ОҚИЛ ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” МУВАФФАҚ ГАРДИД

    Санаи 10-уми декабри соли равон дар ҷаласаи тантанавии бошукӯҳ бахшида ба 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ширкати раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ғолибони ин озмун низ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ҳамин чорабинии бошукӯҳ омӯзгори донишкада, олими ҷавон сардори раёсати таълим номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил барои ширкат ва сазовори ҷойи сеюм гардидан аз рӯи номинатсияи “Омода намудани беҳтарин навори тарғиботӣ вобаста ба фаъолияти ҲХДТ” бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби Раиси муҳтарами вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки Осими Оқил аз олимони ҷавон ва муввафақ буда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, рушди илмҳои техникӣ нақши муассир дорад.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҳамкори арҷманд Осими Оқилро ба ин муваффақият табрику таҳният гуфта, ба он кас барору комёбиҳои беназир таманно менамояд.