Санаи дуюми декабри соли 2024-ум дар кафедраи забони тоҷикӣ муҳокимаи рисолаи докторант [РhD]-и ихтисоси 6D020500-филолология Сафарзода Муллоохун Бурҳонӣ, ки ҳамзамон омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия дар мавзуи «Иртиботи забони «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ бо гӯйишҳои муосири тоҷикӣ» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону олимони фаъол ва пешгоми соҳа ширкат намуданд.
Муҳокима дар сатҳи баланд баргузор гардида, олимону донандагони соҳа ба талошу кӯшиш ва кори ин унвонҷӯи ҷавон баҳои баланд доданд.
Ёдрас мешавем, ки Сафарзода Муллоохун диссертатсияи хешро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа [РhD] – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300-Забоншиносӣ,(6D021302)-Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқобилавӣ зери роҳнамоии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ваҳҳобов Толиб омода намудааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ба олими ҷавон Сафарзода Муллоохун барои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ комгорӣ ва пирӯзӣ таманно менамояд.