Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат мебошад

ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ чунин ибрози назар намуд:

— Ҷомеаи Тоҷикистон пас аз истиқлол касб намудани ҷумҳурӣ барои таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ талош кард. Воқеан ҳам чанд ҳизби сиёсӣ бо барномаҳои мухталиф дар майдони сиёсати Тоҷикистон пайдо гардиданд, ки аксари он аҳзоб то ба имрӯз фаъолият доранд ва ин яке аз принсипҳои демократӣ будани давлати Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ҳарчанд бо ҳувияти баланди шаҳрвандӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ягона давлати содиқ ба арзишҳои демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, лек фаромӯш намудани маниши тоҷикӣ, ки аз «ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» маншаъ мегирад, моро водор месозад, ки бо шакл гирифтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ниёзҳои халқияту қавмҳои дигар низ эҳтиром қоил бошем. Ҳамин аст, ки дар байни тамоми аҳзоби сиёсии дар Тоҷикистон мавҷуда иттиҳоду ҳамбастагӣ махсус таъкид мегардад.

Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳамагон эҳтироми баробар гузошта мешавад. Новобаста аз ҳамин хислат ва имконият солҳои аввали истиқлол барои мардуми ҷумҳурӣ хеле мушкил гузашт ва маҳз тадбирандешӣ ва зиракию хиради волои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мамлакат аз парокандашавӣ наҷот ва давлати навини тоҷикон бақо ёфт.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сабаби фараҳ ва саодати ҳамешагии миллат гардид ва ба таври одӣ бигӯем, баҳори нав дар сарнавишти миллати тоҷик оғоз шуд, ки ин фасли шукуфтанҳо ва сабзиданҳою тараққиёти Ватан аст. Шодию нишот ва хурсандии миллати тоҷик он қадар дер давом накард ва ҳанӯз миллат аз саодати истиқлолият нафаси тоза накашида, ҷумҳуриамонро ҷанги таҳмилӣ таҳдид намуд, ки он хатари парокандагии миллат ва нестии давлатро боз ҳам зиёд намуд. Мутаассифона, хатари аз байн рафтани Тоҷикистон ва нест намудани миллати тоҷик ба миён омада буд. Барои рафъи ин ҳолат ва наҷоти миллат бояд аввал ба ҷанг хотима дода мешуду сипас, масирро таъйин намудан зарур буд. Дар ин роҳ миллатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоӣ намуданду миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот доданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба давлатамон зарари калони моддию маънавӣ расонид.

Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои басе пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расидаанд.

Бояд гуфт, ки солҳои 90-ум ҳаводиси мухталиф рух доданд ва пайдо гардидани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳам падидаи дигари сиёсӣ дар ин солҳо маҳсуб мешавад. Ва аз ҳама муҳим, ин ҳизб бо барнома ва ғояаш аз дигар аҳзоби сиёсӣ ба куллӣ фарқ менамуд. Он солҳо чунин пешбинӣ мегардид, ки ҳизби навтаъсис руҳияи миллӣ ва хеле мардумсолорӣ дораду барномааш бештар аз ҳолати воқеии мардум гирифта шудааст, ҳадафҳои волои миллатро думболагирӣ менамояд, ки дар он солҳо комилан чизи нав ва барои фазои сиёсии Тоҷикистон беназир буд. Ва ҳамин аст, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизби нав бештар пайваст ва ҳамовозияшро ифода намуд, зеро дар барномаи ҳизб, ки маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, кулли ҳадафҳои олии миллати тоҷик ба инобат гирифта шудаанд.

Воқеан ҳам дар он солҳо пайдо гардидани ҳизбе бо барномаи комили миллӣ шояд тааҷҷубовар бошад, чунки дар он солҳо аксари аҳзоб ба василаи романтикӣ пайдо шуда буданд ва сарчашмаҳои молиявиашон ҳам шубҳаовар менамуд, аммо ин нуктаи муҳимро бояд таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андеша ва идеяи Роҳбари ҷумҳурӣ, фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти комилан миллӣ ва тоҷики асил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва аз ин ҷо аст, ки сиёсатшиносон ва пажуҳишгарон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳизби комилан миллӣ ва падидаи ҷадиди сиёсӣ унвон мекунанд. Ва ин воқеияти бебаҳс мебошад, ки ҳизб бо фарогирии тамоми унсурҳои миллӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон комилан нав ва беназир мебошад. Ин нуктаро ёдрас шудан ба маврид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарогири иродаю мароми халқ буда, барои амалишавии ормонҳои миллӣ таъсис ёфтааст.

Дар таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мо дурандешӣ, миллатдӯстию ватандӯстии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хуби дарк мекунем ва хуб шоҳид ҳастем, ки аз рӯзҳои аввали таъсис ин ҳизб яке аз аҳдофи аввалиндараҷаи худ- бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро эълом доштаву донистааст.

Талошҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сарварии Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии шоиставу саодати кулл натиҷаи нек медиҳанд ва ҳамоно муҳаббати мардум ба ин ҳизби сиёсӣ бештар гардидааст. Барномаҳои эълоннамудаи ин ҳизб иҷро мегарданд ва ҳизб бо ҳамқадамӣ бо шаҳрвандон боз ҳам рушд менамояд. Ҳар қадами пешрафт дар зиндагии мардум як зинаи болоравии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳар қадар барномаи эълонгардида зудтар иҷро шавад, ҳамон қадар муҳаббати ҷомеа ба ҳизб бештар мешавад ва мо инро дар мисоли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи он дар шаҳру навоҳӣ ва марказҳои вилоят баръало мушоҳида менамоем.

Дар асноди ҳизб чунин омадааст: «Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби дорои масъулияти таърихӣ барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандӯстӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад». Ҳамин ҷумла аз доштани дониши баланди сиёсии муассисон ва бохабар будан аз авзои миллат дарак медиҳад.

Гуфтан зарур аст, ки ҳамеша ҷомеа ҳамон андеша ва ҳамон ғояеро интихоб менамояд, ки дар он хостаҳояш ба инобат гирифта шуда бошанду мушкилоташ омӯхта шуда бошад. Дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миллат ҳадафу ният, орзую ормонашро дарёфтааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола омори аъзошавӣ ба ин ҳизби қавии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ меафзояд ва ин муваффақият ҳамин хел ба даст намеояд ва ин ҷо халқ ба суолҳояш посух меёбад, бо иҷрои ваъдаҳои барномавӣ бо чашми сар ошно мешавад, амалишавии орзуҳояшро мебинад ва ба ҳизб бо муҳаббат ва самимият мепайвандаду ҳамовозии хешро дар корзори сиёсӣ эълон мекунад. Ин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки ҳар қадар нишондиҳандаи худшиносию хештаншиносии ҷомеа баланд мешавад, ҳамон қадар муҳаббати ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастан боло меравад. Яъне, ашхоси огоҳ, донишманду миллатдӯст ва дилсӯзу ғамхори давлату миллат бештар маънои идеяи волои ҳизбро дарк мекунанду ҳаракат мекунанд, то бо ин ташкилоти муҳими сиёсӣ ҳамроҳ бошанд. Ба назари ман, ки шинохти бештаре аз авзои сиёсии ҷумҳурӣ дорам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ягона ҳизбе аз байни ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ мебошад, ки пайванди доимӣ бо аъзо ва халқ дорад. Ин чиз ба амалишавии ҳадафҳои олии барои давлату миллати тоҷик муҳим мусоидат менамояд. Худи ҳамин ҳолпурсии собиқадорону фаъолон ва кумакрасонӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бенавоёну ятимону камбизоатон аллакай нишони фаъол ва ғамхори халқ будани ин ҳизби пешгомро нишон медиҳад.

Дар барномаи худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимро таъкид намудааст, ки бо дидани он дилхоҳ одами боҳушу зирак ва фаъолу дорои донишҳои сиёсӣ ба он мепайвандад, чунки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад.

Он бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Ин чанд нуктаро аз сароғози барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайдо намудам. Ҳамин нукта аллакай барои инсони огоҳ ва бохабар аз авзои кунунии ҷаҳон ва минтақа кифоят менамояд, то бифаҳмад, ки худи ҳамин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғояи баланди миллӣ мебошад.

Дар айни замон бо дидани фаъолияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ҳизб зери роҳбарии Сарвари хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсуси хешро дар дили халқ пайдо намудаасту мардум бо ин ҳизби сиёсии баровардасозандаи ормонҳои волои миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Миллати сарбаланди тоҷик Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун неруи созандаю пешбар ва ҳамчун ҳизби содиқ ба ваъдаву амалкунанда ба барномаву ҳомии арзишҳои миллӣ, созандаи шароиту имконот, бароварандаи ҳоҷат, ҳалкунандаи мушкилот ва умедбахш қабул намудаю ба он боварии комил дорад. Ин боварӣ мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз ҳама аҳзоб боло мегузорад, ки ин пешрафти ҳизб аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастанд, рӯзҳои аввали фаъолияташон таъкид намуда буданд, ки «вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо назардошти волоияти манфиатҳои миллию давлатиамон иборат аст». Ва воқеан ин ваъда зуд байни ҷомеа паҳн гардид ва аз рӯзҳои нахустини таъсисаш шаҳрвандон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бештар интихоб карданд. Ин ҳизб имрӯз аз пурқувваттарин ҳизби сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки ин ҳам натиҷаи кори босамару заҳмати софдилонаю талоши зиёду иҷрои ваъда ва ҳамбастагӣ бо ҷомеа мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист барномаи хешро амалӣ созад, ки ин чиз барои ҷомеа хеле муҳим мебошад ва обрӯю мақоми ҳизбро боз ҳам баланд мебардорад.

Имрӯз беҳтарин олимон, беҳтарин чеҳраҳои сиёсӣ, беҳтарин шахсиятҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки ин худ аз бузургии ин идея дарак медиҳад. Агар бигӯем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ дар ҷумҳурӣ тамоми миллатро ҷамъ овардааст, бешубҳа, иштибоҳ нахоҳад буд, чунки муносибати ҷомеа инро нишон медиҳад. Худи ҳамин фаъолтарин вакилон дар Парлумони Тоҷикистон будани аъзни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон далели бебаҳс хоҳад буд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро метавон роҳнамои сиёсии миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ва амалӣ намудани ормонҳои чандҳазорсола номид.

Фикр менамоям, ки ҳамовоз будан бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳампаймон будан бо ин ҳизб, ҳамраъй будан, ҳамандешаю ҳаммаром будан бо ин ҳизби комилан миллӣ ифтихори бузург ва шинохти роҳи фардои босаодати миллати тоҷик аст.

Интихоби Ҳизби Халқии ва ояндаи босаодат сохтан аст. Ҳар шаҳрванди бедордил ва ғамхор имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро интихоб намудааст, ки ин аз хиради воло ва аз ҷониби дигар минбари бузурги сиёсӣ будани ин ҳизби миллӣ дарак медиҳад.

Корҳои анҷомдодаи ин ҳизб дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ нишонаи он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон набзи ҷомеаро меомӯзад ва бо миллат ҳамандешаву ҳамроҳ аст.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

АКС: АМИТ «Ховар»