Санаи 7-уми ноябр дар донишкада семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Автоматикунонии раванди таълим” бо ширкати омӯзгорон ва донишҷӯён дар толори видеоконфронсзали донишкада баргузор гардид.
Семинарро муовини декани факултети электромеханика Саидов Анварҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба технологияҳои муосир, нақши таълиму тарбия, истифодаи фанновариҳои муосир дар таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз усулҳои мусоид суханронӣ кард.
Баъдан, омӯзгори фаъол ва олими ҷавон Ашӯров Хайриддин ва сардори маркази зеҳни сунъӣ ва технологияи иттилоотӣ Шербоев Муродҷон роҷеъ ба мавзуъ бо овардани далоили мухталифи илмӣ суханронӣ намуданд.
Зимни шунидани маърузаҳо донишҷӯён ва магистрон ба маърузакунандагон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор карда шуд.