МУЛОҚОТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ ШАМСИДДИНОВ ШӮҲРАТҶОН БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада мулоқоти роҳбарияти факултети металлургия бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ифтитоҳ намуда, дар бораи тарбияи дурусти фарзанд, хубу аъло хондани донишҷӯён, тамоси доимӣ бо мураббиёни гурӯҳҳои академикӣ, назорати волидайн, тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа, назорати фарзандон ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, аз волидайн талаб намуд, ки аз ҳолу аҳволи фарзандонашон зуд- зуд хабар бигиранд ва ононро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳанд.
Ҳамчунин дар мулоқоти имрӯза мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирзозода Воҳидҷон низ суханронӣ карда, доир ба вазъи кунунӣ ва ҳолати донишҷӯён андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар интиҳои ҷаласа декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ба ҳозирин миннатдории раёсати донишкадаро расонида, ба як қатор волидайни фаъол, ки фарзандашон тарбияи хуб ва ахлоқи намунавӣ дорад, Сипосномаи раёсати донишкадаро тақдим намуд.