Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада семинари илмӣ дар мавзуи “Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пардохтҳои ғайринақдӣ” баргузор гардид, ки дар он сардори маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва фосилавӣ Давлатзода Давлат, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирзозода Воҳидҷон, намояндаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атоев Абдулфайз Ғаниевич ширкат намуданданд.
Чорабиниро мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мавзуъ ва нақшаи семинар ҳамчунин аҳамияти бозори электронӣ, истифодаи асъори электронӣ, истифодаи дуруст аз ҳамёни электронӣ, маърифати иқтисодӣ суханронӣ кард.
Сипас олими ҷавон Давлатзода Давлат дар мавзуи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ивазшавии қурб, ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши пули миллӣ суханронӣ намуда, ба донишҷӯён моҳияти ҷараёнҳои иқтисодӣ, вобастагии соҳаҳо аз иқтисодиёт ва нақши аҳли иқтисод дар бозорро фаҳмонида, таъкид кард, донишҷӯён бояд баҳри беҳтар намудани донишҳои иқтисодӣ ва молиявии хеш талош намоянд. Мавсуф таъкид намуд, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва замони муосир ҳар як нафар бояд маърифати баланди иқтисодӣ дошта бошад. Донишҳои иқтисодӣ инсонро муваффақ мегардонанд ва бояд ҳар нафари огоҳ ва ҳушёр аз илми иқтисод баҳравар гардад.
Баъдан, намояндаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атоев Абдулфайз дар мавзуи “Моҳият ва бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ” суханронӣ карда, афзалияти пардохти ғайринақдиро ба ҳозирин ташреҳ дод.
Зимни баргузории семинар донишҷӯён ба маърӯзакунандагон суолҳо дода, донишҳои хешро комил намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва фосилавӣ баргузор карда шуд.