Имрӯз ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳамкориҳои илмӣ- фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ва саҳм гузоштан дар рушди илмҳои ҷаҳонӣ унвони профессори фахрии Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии мардумии Чин тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии мардумии Чин аст, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро бо унвони профессори фахрӣ қадрдонӣ менамояд.
Қаблан ҳам аз ҷониби Донишкадаи касбӣ- техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланжоу ва Донишгоҳи нафти Ҷумхурии мардумии Чин низ ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо унвони профессори фахрӣ сарфароз гардонида шуда буданд, ки ин ҳам натиҷаи заҳмат ва талоши олими тоҷик мебошад , ки дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ мегардад.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ректори гиромӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалиро бо ин дастовард самимона табрику таҳният гуфта, ба он кас муваффақият ва бурдборӣ таманно менамояд.