Имрӯз омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мулоохун Сафарзода барои фаъолияти пурсамар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, саҳми арзанда дар рушд ва гиромидошти забони давлатӣ, тарғибу ташвиқ ва муаррифии арзишҳои миллӣ, ҷойи дуюм дар озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ ” байни кормандони касбу кори гуногун бо Диплом ва туҳфаи молиявӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сафарзода Муллоохун аз олимони ҷавон ва сермаҳсул буда, баҳри рушди забони тоҷикӣ ва пок нигоҳ доштани он як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада Сафарзода Муллоохунро ба ин дастовард табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар нақшаҳои минбаъда комгорӣ таманно менамояд.