Санаи 20 ноябри соли 2024 дар толори калони донишкада, чорабинӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия н.и.п., дотсент Аминҷонова М. С., декани факултети металлургия н.н.п., дотсент Шамсидинов Ш.А., декани факултети электромеханика н.и.ф., профессор Қозиев К.С., декани факултети корҳои кӯҳӣ д.и.т., Самадова Г.М. ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Пас аз бо таври зинда хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳозирин чорабинӣ расман ифтитоҳ гардид ва донишҷӯёни фаъоли ихтисоси 510201 Фармонов Ш. бо забони тоҷикӣ, Соҳибназарзода А. бо забони русӣ ва Фозилзода С. бо забони англисӣ роҷеъ ба Парчами миллӣ ва таърихи он маълумот доданд.
Ҳамчунин , дар чорабинии мазкур донишҷӯёни бахши якум Бобораҷабзода М. Я. Ачилов С. Д., ва Ғаффорова Н. С. бо 3 забон перомуни арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ , муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ва таъкид намуданд, ки эҳтиром ба Парчами миллӣ масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро Парчами давлатӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Ёдрас мешавем , ки анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд.
Дар робита ба эҳтиром гузорӣ ва мақсади рамзҳои давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд»
Дар қисми баъдӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо аз эҷодиёти шоирони авропоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хонда шуд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аминҷонова М. С. суханронӣ намуда, нахуст ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, сипас оид ба Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши он ишора намуданд. Мавсуф дар идомаи таъкид кард, ки бигузор Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад!
Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева М.И. дар суханронии хеш ба ҳамаи иштирокчиён барои иштирок дар чорабинии мазкур минатдории худро баён намуда, ба донишҷӯёни фаъоле, ки дар давоми ҳафта фаъолияти назаррас нишон доданд ифтихорномаҳо тақдим намуд .