Конфронс дар ДКМТ: “Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва тақозои замон”

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва тақозои замон” бо ҳамроҳии ДИС ДДТТ баргузор гардид.

Конфронсро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ карда, таъкид намуд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешрафти донишҳои ҳуқуқӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии шаҳрвандон мусоидат менамояд. 

Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон новобаста аз самти худ, баҳри баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон ҳамеша саҳми хешро мегузорад. 

Сипас, дар  конфронси мазкур ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ Маннонова Фарида дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “,ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии донишкада Шарипов Хуршед дар мавзуи ” Мушкилоти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин”, доктор PhD- и кафедраи ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ дар мавзуи”Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихию тақдирсоз” ва омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ Маҳмудова Зарина дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” суханронӣ карда, роҷеъ ба моҳияти Соли маърифати ҳуқуқӣ гуфта гузаштанд.

Баъди интиҳои қисмати ифтитоҳӣ кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо кард.