Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи калони Донишкада чорабинии бошукуҳ бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо маърӯзаи пурмӯҳтаво ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, перомуни хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон сухан ронда, таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллӣ касб намуд ва насли ҷавон бояд ба қадри ин ҳама арзишҳо бирасад. Зеро эҳтироми Конститутсия ин эҳтиром гузоштан ба озодии инсон аст.
Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза раиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истиқлол Фарангис Ғафурова роҷеъ ба мавзӯи оила ва ҷавонон, ҳуқуқи шаҳрвандон суханронӣ кард.
Баъдан дар чорабинӣ раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат ҳозиринро ба рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, унвони профессори фахрии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тақдим намуд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба 3 нафар омӯзгорон Мирбоев Шӯҳратҷон, Ҳоҷиён Мирзошокир, Ҳомидова Машҳуразон нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва ба 4 нафар омӯзгорон Аминҷонова Мавлудахон, Мӯминова Дилоромхон, Собирова Шукриниссо, Раҳматов Абдумавлон Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 4 нафар донишҷӯён Сипосномаи донишкадаро тақдим намуд.
Дар интиҳо ба ҳозирин аз ҷониби ансамбли “Ҷилои Ёқут” барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ бо фарогирии мавзуоти ватандӯстона манзур гардонида шуд.