БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 30-юми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани стипендияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон барои соли 2024 баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 330101-05 Ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рустами Назар низ соҳиби стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон иттилоъ дод. Рустами Назар яке аз донишҷӯёни фаъол буда, аъзои фаъоли маҳфили илмӣ низ ҳаст. Донишҷӯ Рустами Назар дар курсҳои забономӯзии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ таҳсил менамояд. Сарпарасти гурӯҳ, ки дар он ин донишҷӯ таҳсил менамояд Назарова Маҳинахон Элмуродовна мебошад.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи кӯҳию металлургӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола дар озмунҳои мухталиф ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони донандаи забони чинӣ саҳми назаррас мегузорад.