РАИСИ ШУРО: САРМОЯГУЗОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ

Тибқи нақшаи Шурои марказии илмӣ-методии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 1-уми ноябр ҷаласаи навбатии Шуро баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шуро –деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони баъзе шуъбаю бахшҳо ширкат намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами самтӣ, ба монанди вазъи раванди таълим дар зинаҳои дуюм ва сеюми мактаби олӣ – магистратура ва докторантура [PhD], натиҷаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва сифати дарсҳои кушоди омӯзгорон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Шуро профессор Насриддинов Замониддин вазъи раванди таълим, таҷрибаомӯзӣ ва сифати дарсҳои кушодро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи баъзе камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба деканҳои факултет, мудирони кафедраҳо ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб намуд.

Муовини аввали ректор Замониддин Насриддинов иброз дошт, ки ноил гардидан ба дастовардҳои шоиста аз фаъолияти бенуқсони ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад.

Ба деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ҷиҳати беҳтар гирдидани раванди таълим, таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои кушод супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси Шуро Насриддинов З. фаъолияти бархе мудирони кафедраҳо ва шуъбаю бахшҳоро натиҷагирӣ намуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаи маорифро мебояд барои рушди ин соҳа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву саводнокии насли ҷавон, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот талоши худро даҳчанд намоем. Мақсади мо ин содиқона хидмат намудан ба давлату миллат мебошад.