Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз синфхонаи назоратии видеоии сифати таҳсилот боздид ба амал оварда аз ҳолати корӣ огоҳ гардид. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз раванди кори утоқи корӣ ва тарзи назорат санҷиш гузаронида, дурбинҳои назоратиро, ки дар тамоми аудиторияҳои таълимӣ насб карда шудаанд, шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки дурбинҳои назоратӣ барои ҳалли мушкидоти ҷойдошта дар раванди таълим насб карда шудааст ва мутахассисони бахши сифати таҳсилот аз рӯи назорат доим бо омӯзгорон дар мубоҳисаву машварати педагогӣ қарор доранд, ки ин бар нафъи кор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки утоқи назоратии мазкур бо ташаббуси ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада таъсис дода шуд.