Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқа ва риёзӣ” баргузор гардид.
Семинарро нахуст мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории ин чорабинӣ суханронӣ кард.
Сипас, дар мавзуоти соҳавӣ омӯзгорон Усмонов Шермат, Дӯсталиев Сарвар ва Абдулхамидов ва Абдуллоев Икром суханронӣ намуданд.