Баргузории имтиҳони байналмилалии забони чинӣ дар Донишкадаи Конфутсий

Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада имтиҳони байналмилалии забони чинӣ баргузор гардид. Дар имтиҳони мазкур зиёда аз 250 нафар довталабон аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои забономӯзӣ, ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки пас аз супоридани имтиҳони мазкур довталабон соҳиби сертификати HSK ва HSKK мегарданд, ки ин донистани дараҷаи забони чиниро нишон медиҳад. 

Барои гирифтани чунин имтиҳон айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ин имкониятро дорад. Ва аллакай синфхонаҳо низ ба ҳамин шакли муосир бо таҷҳизот ҷиҳозонида шудааст. 

Дар Донишкадаи Конфутсий забони чинӣ ба дараҷаи баланд омӯзонида мешавад ва анқариб тамоми омӯзгорон дорои сертификати дараҷаи байналмилалӣ мебошанд.