Баргузории семинар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз дар факултети корҳои кӯҳӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Семинарро сардори шуъбаи тарбия ва робитаи ҷомеа Муслимзода Хайём ифтитоҳ намуда, ҷиҳати баргузории семинар, мақсаду маром ва ҷашнҳои милливу рӯзҳои муҳими таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд суханронӣ кард.

Баъдан, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ  Холова Фахриниссо  роҷеъ ба бахтномаи миллат  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул,  қонунҳо ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти давлати Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мақоми олии инсон сухан ронда, оид ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда, хатарҳои ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва риояи қонунҳо чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд.

Ҳамзамон дар семинари мазкур омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Раҳимов Ҷасур низ суханронӣ намуда, оид ба риояи қонунҳои амалкунанда, истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ махсус таъкид намуд.