Ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм бо аҳли раёсати донишкада

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада ҷаласа бо ширкати гурӯҳи корӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Ҷаласаро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади ташрифи гурӯҳи корӣ сухан ронда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. 

Сипас, дар ҷаласа намояндагони гурӯҳи корӣ Саидзода Ҳикматулло- сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ ва Саидшозода Муҳиддин мутахассиси ҳамин раёсат суханронӣ намуда, роҷеъ ба давомоти донишҷӯён, донишҷӯёни тибқи квота дохилгардида, интизоми меҳнат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, муҳайё сохтани шароит барои донишҷӯён, таъмин намудани синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо терроризму экстремизми, пешгирии амалҳои коррупсионӣ махсус таъкид намуданд. 

Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин иттилоъ дод, ки айни замон дар донишкада Комиссияҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, оид ба интизоми меҳнат, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” оид ба интиқоли барқарори донишҷӯён, оид ба хариди таҷҳизот,  оид ба муроҷиати шаҳрвандон ва ғайра амал менамояд, ки дар ин самт корҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамаи  аъзоёни раёсат деканҳо, мудирон, сардорони раёсату шуъбаҳо ширкат намуданд.