Гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар донишкада

Имрӯз дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чорабинии илмӣ- фарҳангӣ баргузор гардид. 

Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дотсент Тоҷибоева М.И., ифтитоҳ карда, дар бораи Ҷалолиддини Румӣ, ки ӯ яке аз сермахсултарин адибони тоҷик аст ва бо мероси адабии худ чаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст, сухан намуданд. Ба донишҷӯён оид ба хондан ва аз ёд кардани ғазалҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд аз мероси адабӣ ва ғазалҳои ӯ бисёртар аз худ кунанд. Дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова З. А. дар мавзӯи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханвар ва мутафакири тоҷик” маърӯзаи пурмуҳтавои илмӣ намуданд, ки Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ё Мавлоно, ориф ва шоири номдори тоҷику форс буданд, ба насли ҷавони худогоҳу хештаншинос, ки ба осори Ҷалолуддини Румӣ бештар рӯ оварда, абёти шоирро азбар намоянд ва дар таҷрибаи рӯзгор истифода бурда тавонанд, басо муҳим арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни фаъол суханронӣ намуда, аз осори Мавлонои бузург ёдрас шуданд.  Ҳамчунин, ҷанбаҳои ахлоқиву тарбиявии осори Мавлоно ба донишҷӯён ташреҳ дода шуд.