Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида  ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф” ва мулоқот бо аҳли илм ва маориф, кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи донишкада тасмим гирифт, ки  санаи 19-уми июни соли 2024 конференсияи илмӣ – амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ташкил ва баргузор намояд.

Санаи 19.06.2024с., конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ бахшида  ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф” дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор карда шуд, ки кори конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ Набӣ оғоз намуда, ба идомаи кори конференсия муваффақиятҳо хост.

Дар қисми ҷаласаи ифтитоҳӣ баромад намуданд: Гулямов С.С., д.и.и., академик АИ Ҷумҳурии Узбекистон, мудири кафедраи “Иқтисодиёти рақамӣ” Институти илмӣ-таҳқиқотии омор ва такмили ихтисоси кормандон, дар мавзӯи “Искусственный интеллект в  развитии образования” тариқи маҷозӣ (онлайн); Шерматов Д.С. – д.и.ф-м., профессори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, дар мавзӯи “Медицинские физические приборы и апараты”; Комилӣ Абдулҳай., д.и.ф.-м., профессор, директори ИИТТИТТ назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хисрав” дар мавзӯи “Андар тафсири ададҳои комилу бо ҳам дӯст ва таърихи кашфу омӯзиши онҳо”; Файзализода Баҳрулло., д.и.п., дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Воқеъият ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ: вазъ ва дурнамо”; Абдулакимова Ҷ.А. – н.и.п., дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хӯҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” дар мавзӯи “Рушди илми математика ва сарчашмаҳои таълимии он ”  ва Ашӯров Х.Ё. – н.и.т., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадикаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи “Основые направления искусственного интеллекта и его практическое применение в различных сферах челевеческой деятельности”.

Сипас конференсия кори худро аз рӯи бахшҳо идома дод:

  1. Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, роҳбари бахш н.и.т., дотсент Ашӯров Х.Ё. – 39 маърӯза;
  2. Методикаи таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, роҳбари бахш н.и.п., дотсент Туев Ш.Ш. – 67 маърӯза;
  3. Корҳои кӯҳӣ ва металлургия, роҳбари бахш, н.и.т., Маҳмудов Ҳ.А. – 35 маърӯза;
  4. Илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, роҳбари бахш, н.и.и., дотсент Сидиқов Н. – 29 маърӯза;
  5. Энергетика ва экология, роҳбари бахш, н.и.и., Ҳомидова М.И. – 25 маърӯза;
  6. Логистика ва самтҳои умумитехникӣ, роҳбари бахш, н.и.т., дотсент Воҳидов А.А. – 23 маърӯза;
  7. Самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, роҳбари бахш, н.и.и., дотсент Облоқулов В.М. – 19 маърӯза.

Маърӯзаҳо ба бахшҳои ҷудошуда мутобиқ, мақсаднок ва ба ҳалли масъалаҳои ба талаботи замона мувофиқро дарбар гирифта, ба истифодаи самараноки технологияи муосир ва нақши фанҳои дақиқ дар раванди таълим эътибор дода шудааст.

Аз 300  мақолаҳои илмии устодон, номзадҳо, профессорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Руссия пешниҳодшуда, 237 – адади он аз тарафи аъзоёни тадорукот қобили қабул дониста,  муҳокима ва ҷамъбаст карда шуданд.

 

Мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика                                                  

Туев Ш.Ш.