Имрӯз дар донишкада бо ширкати ректори муассиса профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону кормандон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Тибқи барнома дар оғози кори семинар ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба низоъҳои сиёсӣ, вазъи сиёсати ҷаҳонӣ, чолишҳои сиёсӣ ва бозиҳои абарқудратҳо андешаронӣ намуд.
Сипас, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар дар мавзуи “Низоъҳои сиёсӣ ва пайомадҳои он” маърӯза намуда, ба ҳозирин моҳияти мавзуро шарҳ дод. Мавсуф қайд намуд, ки низоъҳо чанд намуд мешавад ва яке аз маъмултарин низоъҳои иттилоотӣ мебошад, ки имрӯз бисёр ҳам зиёд корбурд мешавад.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза Қодирова Маҳина дар мавзуи “Оилаи солим намунаи ибрат” суханронӣ карда, дар боби оиладорӣ чанд нуктаро таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки семинари имрӯза бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор карда шуд.