Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули ба мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ яке аз олимони ҷавон ва муваффақ Мирбобоев Шӯҳратҷон шаҳодатномаи патентиро дар бораи ихтироот тақдим намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба олими ҷавон ва аз нафарони муваффақ Мирбобоев Шӯҳратҷон барору муваффақият таманно намуда ба ӯ ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои ояндааш пирӯзӣ таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки маҳз дар даврони роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сафи олимони ҷавон афзуда, натиҷаи кори онҳо, яъне ихтироот низ зиёд гардид.
Шаҳодатномаи патентӣ аз ҷониби Маркази патенту иттилоотӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.