Мулоқоти профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҷавонони фаъоли вилоят

Лагери маърифатӣ-фароғатӣ ва омӯзишии ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллат” тӯли як ҳафта мешавад, ки дар шаҳри Гулистон идома дорад. 

Дар ҷараёни маҳфил дарсҳои сиёсӣ низ баргузор мегардад ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ дар ин маҳфил ширкат намуда, оид ба саводнокии молиявӣ маърӯза хонд. 

Ёдовар мешавем, ки дар лагери маърифатӣ-фароғатӣ ва омӯзишии ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллат” шахсиятҳои маъруф ва номдор, олимони муваффақ маърӯза мехонанд. 

Ёдовар мешавем, ки суҳбати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба аҳли маҳфил хуш омад ва ба эшон баҳои баланд доданд.