ХИРАД БОЯД РАХНАМО ШАВАД…

Тамошои навори Айёмиддин Сатторов собиқ узви ҳизби ҲНИ моро ба ҳайрат овард. Тавбаи талхи ин муйсафед аз он дарак медиҳад, ки  аз фаъолият дар сафи ин ҳизб сахт пушаймон аст. Зеро ТТЭ ҲНИ бештар ба амалҳои тахрибкорона даст задаст.

Тоҷикистон сарзамини бузургнст, ки ба ҷаҳон бузургоне зиёдеро эҳдо намудааст, ки ин афрод ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум, беҳтар намудани шароит ва дигаргун сохтани вазъ дар тамоми гушаву канори олам  талош намудаанд. Аз бузургони мисли Рӯдакиву Синову Мавлоно то ба абармардони олами сиёсат ба монанди Эмомалӣ Раҳмон. Фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар як шароити вазнин ба умури давлатдорӣ бирасанд ва он ҳама соҳаҳои фалаҷгардидаро дубора эҳё намоянд, ки имруз Тоҷикистони азиз ба як давлати пешрафта мубаддал гардид. Ин ҳама заҳматҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ваде баъзе афроди намакношиносу беномус ва хоин ин ҳама даствоардҳои давлати ҷавони Тоҷикистонро ба инобат нагирифта аз дур истода бо чашми ҳасад ва бадбинӣ сангпартоӣ мекунанд, ки хоси марди комил нест. Инсони ватандӯст бояд дар ҳама маврид айбро дар рӯ бигӯяд на аз пушт…

Имрӯзҳо намояндагони  ТЭТ ҲНИ  аз хориҷи кишвар истода  худро ватандӯсту миллатдуст меҳисобанд, ки  бовар кардани инсон намеояд. Зеро пас аз ин қадар кштору ваҳшониятҳои солҳои 90-ум ТЭТ ҲНИғро бовар кардан асло имкон надорад ва ҳаргиз мо ин гуноҳи бузурги намояндагони ТЭТ ҲНИ намебахшем ва бовар дорам, ки ҷомеаи ҷаҳони ҳам инро фаҳмида ин лаъинонро нахоҳад бахшид.  Тамоми мардуми Тоҷикистон имрӯз ободу осуда зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ ниёзе ба шунидани савсатаҳои душманон ва хоинони мисли Кабириву дигаронро надоранд.  Мо умедворем, ки ин турфаи нодон, ки бо фармоиши хоҷагони худ дасти тамаъ бар дастархони мо дароз кардаанд, санги ҳасрат бар меҳроби дил хоҳанд бурд.   Ҳаргиз мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои сарсониву саргардониро фаромӯш намекунад ва ҳаргиз ин хиёнати ТЭТ ҲНИиро низ.

Мо аллакай аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтем ва медонем, ки дӯстона ба зери остин омадани ин турфа ҳеҷ фоидае надорад ва ҳаргиз  фиребашро нахоҳем хӯрд.   Чун мисраи  зебои шоири  маҳбуби халқро хуб  медонем : Парҳез аз он магас, ки бар мор нишаст!

Мо бояд аз чунин амали пушаймоншудаҳо бояд сабақ гирем, сабақи ҳаёт!

 

Сурма Силмонова, лаборанти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

9 − 3 =