Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Ашт мулоқот намуда, ба онон дар бораи имкониятҳои донишкада, дастовардҳо, ихтисосҳои мавҷуда, хобгоҳҳо, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва шонсҳои хатмкунандагони донишкада гуфта гузашт. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, мутахассисони варзидаи соҳаро омода менамояд ва тамоми хатмкунандагони донишкада бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.