Олими ҷавон, омӯзгори кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимов Ҳаётқул дар соли 2023 барои дастовардҳо дар соҳаи илм, техника, технология ва навоварӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ сазовор дониста шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Аз номи тамоми ҳайати профессорию омӯзгорӣ, махсусан ҷавонони донишкада олими ҷавон Раҳимов Ҳаёқулро барои сазовор гардидан ба дастоварди навбатӣ муборакбод менамоем!