Тибқи фармоиши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таҳти рақами №217ҲД аз санаи 06.02.2024 бо мақсади алоқаманд намудани назария бо амалия ва ба роҳ мондани низоми дуалии таълим санаи 8-уми феврали соли 2024 дасрҳои амалии донишҷӯёни бахши 3 ихтисоси 360101-01 технологияи мошинсозӣ ва донишҷӯёни бахши 4 ихтисоси 361001 таҷҳизот ва мошинаҳои саноати кӯҳӣ бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов З.А. ва Хуҷамов С.С. дар ҶДДМ «Суғд Пак» гузаронида шуд.
Донишҷӯён дар раванди гузаронидани дасрҳои амалӣ дар корхонаи саноати ҶДММ “Суғд Пак” аз тарафи мутахассисони корхона дар бораи фаъолият ва раванди истеҳсолот маълумотҳои мушаххас доданд. Ва инчунин аз ҳарду ҷониб намояндагони корхона ва донишҷӯён дар бораи гузаштани таҷрибаомӯзи ва бо ҷои кор таъмин намудан пешниҳодҳо карда шуд.
Мутахассисони корхонаи ЧДММ “Суғд Пак” дар раванди дарси амалӣ намуди дастгоҳҳо ва қисмҳои он маълумотҳои дақиқ доданд, ки аз тарафи донишҷӯён писанд омад.
Дар ояндаи наздик бо шуъби кадрҳои корхонаи саноатӣ оид ба баъд аз дарс бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён аз рӯи самти ихтисос мувофиқа карда шуда, ки аз тарафи намояндагони корхона ба инобат гирифта шуд.