Санаи 6.02.2024с. аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии исломии Акрам Рӯзизода боздид ба амал оварда, ҷараёни иҷроиши барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро мавриди санҷиш қарор доданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро ба ҳузур пазируфта, ҷараёни иҷроиши бандҳои алоҳидаи барномаи мазкурро бо ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, далелу арқом нишон дод. Меҳмонон бештар оид ба бандҳои “Пӯрзур кардани фаъолияти ҷамъиятҳо ва маҳфилҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ”,”Ба роҳ мондани олимпиадаҳои минтақавӣ дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдорӣ ИДМ”,”Тайёр намудани мутахассисон, кадрҳои илмию омӯзгори ва такмили ихтисоси онҳо дар хориҷи кишвар тавассути дарёфти грантҳо ва стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”,”Ташкили корҳои лоиҳавии илмиву таҳқиқотии хондагону донишҷўён дар соҳаҳои гуногун”,”Таҳия ва нашри “Маҷмӯи масъалаҳо” аз фанҳои математика, химия, физика, биология ва география ( барои солҳои 2021-2025)” суолҳо дода, ба иҷроиши бандҳои барномаи мазкур дар донишкада баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, директори агентӣ Саидзода Муҳаммадтоир ва намояндаи вазорат Рӯзизода Акрам аз озмоишгоҳҳои об, озмоишгоҳи заргарӣ, озмоишгоҳи металлургия, озмоишгоҳҳои химия ва физика, синфхонаҳои академияи CDIO дар назди ДКМТ боздид ба амал оварда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни омӯзиш ба ректори донишкада ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуданд.