Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат ва 85- солагии омӯзгори фаъоли кафедраи таъминоти барқ Иброҳимов Исмоил конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат омили тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳияти барномаи конфронс, омилҳои баргузорӣ ва мақсади ташкили конфронси имрӯза сухан ронда, таъкид кард, ки конфронси имрӯза барои бори дигар сарҷамъ омадан ва баррасӣ намудани масоили асосӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад ва дар ин ҷо мо бо олимон сари мавзӯъҳои асосӣ суҳбат хоҳем кард.
Сипас, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин сухан ронда, дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар, омилҳои рушди соҳаи мазкур, дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти давлат ва фаъолияти пурсамари омӯзгори фаъоли донишкада Иброҳимов Исмоил чанд нуктаи муҳимро гуфта гузашт.
Ҳамчунин, дар конфронси мазкур омӯзгори фаъоли кафедраи таъминоти барқ Абдиламидов Нисратулло низ суханронӣ карда, доир ба истифодаи дурусти неруи барқ, ҳалли муаммои мавҷудаи соҳаи барқ, интиқоли барқ тавассути хатҳои безиён бар аҳолӣ ва муҳит, истифодаи электромобилҳо ва ғайра гуфта гузашт.
Баъдан ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ карда оид ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, дастгириву ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, омилҳои тавсеаёбии соҳа, омода намудани мутахассисони ҷавон, таъсиси марказҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳҳои хориҷӣ, сохтани озмоишгоҳҳои замонавии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ғайра муфассал гуфта гузашт.
Дар интиҳо омӯзгори варзидаи донишкада Иброҳимом И суханронӣ намуда, ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Баъдан кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои алоҳида идома пайдо кард. Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраҳои таъминоти барқ ва таҷҳизот ва технологияи мошинсозии факултети электромеханика гузаронида шуд.