Субҳи имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи навбатӣ роҷеъ ба масъалаҳои назоратӣ ва давраи зимистонгузаронӣ суҳбат намуда, ба ҳамагон таъкид намуд, ки нисбати тақдири фарзанди мардум бетараф набошанд ва ҳолати хобгоҳи донишҷӯёнро пайваста назорат намоянд.
Сипас, бо суханони нек ва хушбинии зиёд декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулиро, ки ба тозагӣ рисолаи докторияшро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дифоъ карда баргашт, табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ карда, муаллима Самадова Гулиро барои ноил гардиданаш ба ин зинаи баланди илмӣ табрик карданд.
Ёдовар мешавем, ки Самадова Гули аз бонувони фаъоли донишкада буда, дар тарбияи насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа саҳми арзандаи хешро гузоштааст ва ҳамин аст, ки тамоми ҳайати кормандони донишкада қабл аз оғози кор дар дарвозаи донишкада ӯро тантанавор пешвоз гирифтанд ва ин аз самимияти ҷомеа дарак медиҳад.
Ректори донишкада низ чунин хислатҳои ҳамидаи инсонии муаллима Самадова Гулиро ба инобат гирифта, зимни баргузории чорабинӣ аз эшон тавсиф намуд.