ЧОДАРИ СИНАМО КАШЕМ …

Ё худ оростани дастурхони маънавӣ ба ҷои  зиёфатҳои бодабдаба  

Ба тартиби муайян ворид намудани тӯйу маъракаҳо дар доираи Қонуни танзим афкори мардумро ба ҷунбиш овард. Хароҷоти миёншикану бебаркаш бо дастурхонҳои пуршукӯҳи зиёфат ба хотири худнамоӣ давоми солҳои охир ба як сабқати бемаънӣ  табдил ёфта буд. Ҳар кадоме дар оростани дастурхони бошукӯҳи зиёфат ва обу ранги хоса додани тӯйу маъарака талош мекард.

Аммо “ба таври шоиста” ( обрӯгирӣ ва тарс аз афкори мардум) гузаронидани тӯйу маъракаҳо теъдоди тӯйхонаҳоро афзоиш дод. Хурофоти тӯйгузаронӣ ва маросими мотам ҳатман бо оростани дастурхони зиёфат авҷ гирифт. Нӯшидани майу шароб, рақсу сурудҳои подарҳаво, намоиши либосҳои занона, базмҳои осмонкаф , зиёфатҳои “иззатдорӣ” бозори тоҷирони чунин маҳфилҳоро гарм намуд. Накӯномӣ  бар ивази баргузор намудани маъракахои пурисроф, олиҳимматӣ бар ивази додани нону оши бебаркаш гӯё расм шуд. Ва ҳатто саодати инсон дар бастагӣ бо карйераи ( ишғоли мансаб) мувофиқ дарк мешавад.

Дар Ғарб ҷомеаи индустриалӣ ҳоким аст ва  дар шуури мардум фарҳанги хоҷагидорӣ, сарфи пулу дороӣ бо назардошти перспективаи ҳаёт хеле амиқ ташаккул ёфтааст.

Эҳсонкорӣ ва олиҳимматӣ дар натанҳо дар оростани дастурхони оши наҳор ва ташкили консерти идона ҳувайдо мегардад, балки дастгирии офарандагони арзишҳои маънавӣ дар риштаи адабиёт ва синамои миллӣ аст.

Солҳои пеш  дар маҳаллаҳо соҳиби хатнасур дар ҳавлиаш чодари сафед кашида бегоҳ кино намоиш медод. Бо зиёд шудани дастаҳои ҳофизон ва дастрас шудани таҷҳизоти телевизионӣ, анъанаи намоиши филм аз байн рафт. Дӯстдорони синамо ҳам хилватнишин шуданд ва дискро харидорӣ намуда дар хона тамошо мекунанд.

Аз ин лиҳоз пешниҳод дорам, ки ба ҷои дастурхонҳои бодабдабаи дар зиёфатҳо ороста шаванда, мо дастурхони маънавиро паҳн кунем. Яъне дар ҳавлии соҳибтӯй ва ё маҳаллаи ҷашни наврӯзидошта паҳлӯи деги сумалак чодари синамо кашида филмҳои хуби тарбиявии “Суғдсинамо” ва “Тоҷикфилм”-ро намоиш диҳем. Аз тамошои филми хуб хурду калон ғизои маънавӣ гирифта, бунёди ахлоқу маънавии оилаи  худро пойдор мекунанд.    Воқеан филмҳои “12 соли интизорӣ” ва “Тангно” аз ҷумлаи беҳтарин офаридаҳои синамогарони  муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов мебошад, ки танҳо тавассути кинотеатр намоиш дода шуда, анъанаи неки дастҷамъона ба киноравиро эҳё мекунад.

Филми ҳунарии “Тангно” худ тарғибгари гиромидошти арзишҳои миллӣ мебошад, ки гоҳо хатнасурҳои бодабдаба дар зеҳни насли хурдсол ҳам таъсири амиқ гузошта, онҳоро ба мушкилоти зиндагӣ мепечонад.

Назар ба гуфтаи Дилошуб Орифзода продюсери филмхои “Сугдсинамо” дар сурати ба диск нусхабардори кардани филм холати руйбардориии филм аз тарафи чаллобон ба миён омада, харочоти филмбардори пушонида намешавад. Аз ин хотир, филмхои Сугдсинамо танхо дар толорхои кинотеатрхо намоиш дода мешавад.

Дар чодари хаёли синамо ки ҳамаи маҳаллаю деҳотро фарогир мешавад, барои ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум намоиши филмҳои ҳунарӣ бо дастгирии молиявии эхсонкорон такони хубе андар бунёди фазои синамоми миллӣ мешавад.

 

 Зайниддин Орифӣ  Рӯзноманигор

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

20 − сенздаҳ =