Дар нимсолаи якуми соли хониши 2023-2024 бо мақсади омода намудани мутахассисони ҷавону тахассусманди мувофиқ ба талаботи замон, фанни таълимии “Асосҳои барномаи SURFER” аз ҷониби мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ, номзади илмҳои техникӣ Мирбобоев Ш.Ж. ба барномаи таълимии ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ворид карда шуд.
Фанни таълимии “Асосҳои барномаи SURFER” аз омӯзиши қоидаҳои сохтани харитаҳои сохтории болосатҳ ва тагсатҳи қабатҳои маҳсулноки нафт ва газ, буриши геологии қабат аз рӯи маълумотҳои ибтидоии чоҳҳо, сохтани 3D модели қабатҳо, баровардани сатҳи нафтдории қабати маҳсулнок ва ғайра иборат аст.
Дар нимсолаи якуми соли хониши 2023-2024 раванди таълимии фанни “Асосҳои барномаи SURFER” барои донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ бо истифода аз барномаи компютерии “Golden Software Surfer” дар синфхонаҳои таълимии 332 ва 140 баргузор гардид.
Дар ҷараёни имтиҳонгирӣ аз донишҷӯён бо усули имтиҳони шифоҳӣ бо билетҳое ки аз 2 савол ва 1 супориши амалӣ бо истифода аз барномаи компютерии “Surfer” билетҳо тартиб дода шудааст, ки аз рӯи он имтиҳон қабул карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки зимни баргузории имтиҳони шифоӣ аз фанни “Асосҳои барномаи SURFER”, аз тарафи мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ, н.и.т. Мирбобоев Ш.Ж. назорати хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шуд. Мавсуф, пас аз қабули имтиҳон машварат дод, ки фанни “Асосҳои барномаи SURFER” бо фанҳои таълимии “Геологияи нафту газ” ва “Ҳисобкунии захираҳо ва баҳодиҳии манбаъҳои нафту газ” алоқаманд карда шавад. Ба ҷуз аз ин, Мирбобоев Шӯҳратҷон тавсия дод, ки бо ризоияти масъулон ва мувофиқаи раёсати таълим 20% саволҳо ва супоришҳои амалии фанни мазкур ба саволномаи имтиҳони давлатии хатмкунандагон барои соли хониши 2024-2025 ворид карда шавад.