Бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада, баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи забономӯзӣ ва рушду сайқал додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони забони инглисӣ семинар-тренинг оид ба усулҳои нави таълимӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши Маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони инглисӣ – бидуни сарҳадҳо” гузаронида шуд.
Дар ин семинар-тренинги омӯзишӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши Маърифат” Зарипова Мунаввар, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Муҳамадиев Акбархон, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ н.и.п., дотсент Тоҷибоева Манзурахон, омӯзгорони ҷавони фанни забони инглисӣ ва зиёда аз 45 нафар донишҷӯён ширкат карданд.
Дар оғоз муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А. аз суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдовар шуда таъкид намуд, ки яке аз масъалаҳое, Сарвари хирадманди кишвар дар соҳаи маориф пайваста ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, масъалаи забономӯзист.
Сипас, профессор Умарҷонов А. намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши Маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони инглисӣ -бидуни сарҳадҳо” Зарипова М.-ро ба ҳамагон муаррифӣ намуда, барои ташрифашон арзи сипос баён карда, қайд намуданд, ки баргузории ин чорабинӣ ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои донишҷӯён як таконе мебошад.
Зимни суханронӣ Зарипова М. аз дастовардҳои хеш дар даврони фаъолият ёдовар шуда аз сафарҳояш гуфт, ба монанди иштирок дар тренингу конференсияҳои байналхалқӣ дар ИМА, Лондон, Шотландия, Норвегия, Юнон ва ғайраҳо. Дар вақти баргузории семинар ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дар сомонаи байналмилалӣ, ки аз тарафи мутахассис нишон дода мешуд , ворид шуданд ва аз нозукиҳои он бохабар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишкада маҳфили “ DISCUSSION CLUB” фаъолият мекунад ва минбаъд ин маҳфил дар якҷоягӣ бо ин ташкилот гузаронида мешавад, ки аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯён бевосита ширкат карда метавонанд.
Дар анҷом мудири кафедра ба ҳамаи иштирокчиён барои ташрифашон арзи сипос намуд.