Дар нашри навбатии маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи омӯзгори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки донишкада Савриддин Бобоҷонов таҳти унвони “Рушди соҳаи саноати кӯҳию металлургӣ ҳадафи мост” ба табъ расидааст, ки бисёр ҳам бамаврид ва зарурӣ мебошад. Дар мақолаи хеш омӯзгори варзидаи донишкада Савриддин Бобоҷонов бо такя ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чанд нуктаи муҳимро дарҷ намуда, соҳаи кӯҳию металлургиро дар кишвар мавриди қарор додааст. Ҳамзамон чанд пешниҳоди муҳиме ба машғулони соҳа додааст, ки хонандагон метавонанд аз он баҳраи муфид бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аксарияти омӯзгорон таҷрибаи кор дар заводу фабрикаҳо ва соҳаи саноати кӯҳкорӣ доранд, ки ин барои такмили бештари дониши донишҷӯён мусоидат менамояд. Омӯзго Савриддин Бобоҷонов низ зха зумраи ҳамон омӯзгорони муваффақ ва соҳибтаҷриба мебошад, ки мавриди эҳтироми баланд дар назди шогирдону ҳамкорон гардидааст.