Имрӯз, дар донишкада олимпиадаи фаннӣ барои даври донишкадавӣ оғоз гардид. Қабл аз оғози олимпиада муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо бо ҳамроҳии сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимзода Шаҳноза, декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Мустафохон Саидов ва дигар намояндагони бахши илми факултетҳо ба синфхонаҳо даромада, ба донишҷӯён шарту шароит ва ҷараёни тақдири мукофотҳоро аз ҷониби раёсат ба ғолибони олимпиада ташреҳ доданд ва ба ҳамагон барору муваффақият таманно намуданд. Ёдовар мешавем, ки даври донишкадавии олимпиада аз рӯи равияи фанҳои таълимии зерин гузаронида мешавад:
1) равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ;
– забон ва адабиёти тоҷик;
– забони англисӣ;
– забони русӣ;
– таърихи халқи тоҷик;
– фалсафа;
– сиёсатшиносӣ;
– назарияи иқтисод;
2) равияи табиатшиносию риёзӣ:
– математика;
– физика;
– химия;
– информатика;
– биология- экология;
– географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография.