Мулоқот

оид ба вохӯрии сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд подполковники миллитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ, пойдории фазои қонуният дар кишвар, пешгирии қонуншиканӣ ва таъминоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хатарҳои эҳтимолии терроризму экстремизм”
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дуҷонибаи РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва раёсати донишкада санаи 1-уми декабри соли 2023 дар толори калони донишкада вохӯрии сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд подполковники миллитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон бо ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҳамкориҳои судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла, бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ андешаҳои худро баён намуд.
Сипас, дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд подполковники миллитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон бо ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ, пойдории фазои қонуният дар кишвар, пешгирии қонуншиканӣ ва таъминоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хатарҳои эҳтимолии терроризму экстремизм” баромад намуда, қайд намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмашон бармеояд пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таъминоти ҳимояи ҳуқуи озодиҳои шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон алалхусус, донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.
Мавсуф дар суханронии худ оид ба пойдории фазои қонуният дар кишвар, ки яке аз дастовардҳои ваҳдати миллӣ мебошад ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ терроризму экстремизм маълумот дода, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ ҳоло ҳам дар байни ҷавонон афроде вомехӯранд, ки даст ба ҷинояткорӣ зада, майли шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоиро доранд. Ӯ қайд намуд, ки бояд омӯзгорн ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мунтазам чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, дар пойдории фазои қонуният дар кишвар саҳмгузорӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз, сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд подполковники миллитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон тавсия дод, ки бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён пурзӯр карда шуда, ба маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва зиракии сиёсии онҳо тақвият бахшида шавад.
Дар ҷамъбасти вохӯрии мазкур мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём баромад намуда, аз номи раёсати донишкада ба сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ дар вилояти Суғд подполковники миллитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон барои чунин як вохӯрии судманд миннатдории самимӣ баён намуд.