Тибқи ҷадвали дарсҳои кушоди кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ санаи 30.10.2023с. дар аудиторияи №305К дарси кушод аз тарафи ассистенти болаёқати кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Бойматов Довар Эсанбоевич аз фанни асосҳои Micromine барои донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 510201 – корҳои маркшейдерӣ баргузор гардид. Мавзӯи дарси кушод “Сохтани модели рақамии сатҳ” буда, ба самти ихтисоси донишҷӯён пурра мувофиқат менамояд. Дар дарси кушод аз садорати факултети корҳои кӯҳӣ, раёсати таълим ва дигар омӯзгорони донишкада ширкат варзиданд.
Омӯзгор дарси кушодро ба риояи одоби салом, баёни мавзӯи дарс, барои омӯзиши мавзӯъ донишҷӯён чиро бояд донанд ва баъди анҷоми дарс чиро бояд тавонанд?- оғоз гардид.
Бойматов Д.Э. мавзӯӣ навро бо истифода аз проектор, тахтаи электронӣ оғоз намуд, бо барномаи Micromine роҳҳои тартиб додани модели рақамии сатҳ аз рӯйи натиҷаи нақшабардории маркшейдерӣ гузаронидашуд ва маводҳои растриро дар сатҳи баланди касбият бо истифода аз технологияи муосири таълим иҷро намуд.
Аз ибтидо то интиҳои дарс, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, иштироки донишҷӯён ба дарс ва маҳорату малакаи омӯзгори ҷавон Бойматов Д.Э. баланд эҳсос карда мешуд.
Бояд зикр кард, ки системаи иттилоотии кӯҳӣ ва геологии Micromine барои ҳалли ҳамаҷонибаи саноати кӯҳӣ нигаронидашуда, тамоми давраи истеҳсолиро аз иктишофи геологӣ ва моделсозии 3D то назорати истихроҷи маъдан, балоиҳагирӣ ва идоракунии маълумот дар бар мегирад. Ба хотири омода кардани муҳандисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ аз соли 2019 ин ҷониб барномаи Micromine ҳамчун фанни таълимӣ дар донишкада омӯзонида мешавад.
Дарсро мудири кафедра Юсупов С.М. ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба ассистенти кафедра Бойматов Д.Э., ки зиёда аз 7 сол боз дар омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисии кӯҳкорӣ саҳми арзанда гузоштаистодааст, инчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуд.