Ҳисобот оид ба иштирок дар тренинг ва конференсия,
Ҷумҳурии Қазоқистон, ш. Алмаато
Аз санаи 20-ум то 24 -уми ноябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Алмаато тренинг ва конференсия баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер иштирок намуд. Сохтори тренинг аз курсҳои оид ба Идоракунии захиразои обӣ Дипломатияи об ва Ҳуқуқи байналмилалии об иборат буд. Дар тренинги мазкур 25 нафар омӯзгорон ва намояндаҳои МТОК Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Санаи 20-уми ноябр дар кушодашавии тренинг Екатерина Стрикелева, Ёдалиева Мархабо аз тарафи Лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои обӣ ва муҳити атроф иштирок намуда бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд. Баъдан директори департаменти рушди иқтисодии USAID дар Осиёи Марказӣ ва Димка Стантчев – Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Тренинги мазкур дар давоми 4 рӯз идома ёфта дар он маърӯзачиён оид ба Захираҳои обӣ, обҳои байнисарҳадӣ, нақши дипломатия дар ҳалли масъалаҳо, бехатарии об, Воситаҳои ҳамкорӣ дар соҳа, ҳуқуқи байналмилалии об, ҳамкории уствор дар минтақа маълумотҳо гирифтанд намуданд.
Дар анҷоми лексияҳо барои иштирокчиён масъалаҳои амалӣ барои пешниҳоди роҳҳои ҳал пешниҳод карда мешуд.
Баъдан санаи 24-уми ноябр дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи А. Фороби конференсияи вохӯрии иштирокчиёни Шабакаи Ҷамъияти Академӣ баргузор гардид. Конференсия бо ташаббуси ташкилотҳои байналмилалӣ ва Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мақсади ин шабака дар он мебошад, ки барои таъмин намудани бехатарии экологӣ, обӣ, хӯрока ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун ва омӯзгорон ва тарафҳои манфиатдор зарур мебошад. Шабакаи мазкур аз тарафи Агентии Швейтсария оид бар руш ва ҳамкорӣ, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти Олмон оид ҳамкории байналмилӣ (GIZ) дастгирӣ карда мешавад.
Дар кушодашавии конференсияи мазкур Айтжанова Жамиля – муовини ректор оид ба фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи А.Форобӣ; Екатерина Стрикелева – сардори Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба захираҳои обӣ ва муҳити атроф; Димка Стантчев – менеджери Барномаи глобалии об, Агентии Швейтсария оид ба руш ва ҳамкорӣ (SDC), Ирина Югай – намояндаи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд ва оид ба вохӯрӣ баромад намуданд.
Дар қисми дуюми вохӯрӣ Людмила Киктенко, менеджери барномаи Идоракунии муҳити атрофи (РЭЦЦА) ва дигарон оид ба Рушди Шабакаи номбаршуда ва платформаи ҷамъиятӣ, мисолҳои ҳамкории иштирокчиёни шабака, муаммоҳо ва дурнамои рушди шабака, роҳҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳо баромад намуданд.
Дар ин конференсия мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д. оид ба Натиҷаҳои Лоиҳаи COP4WASH Central Asia баромад намуд. Дар баромад оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намунагирии об, таҳлили сифати оби нӯшокӣ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои визулизатсияи маълумт ва натиҷаҳо қайд карда шуд.
Баъди анҷом ёфтани тренинг ба иштирокчиён сертифатҳои байналмилалӣ супорида шуд.
Конференсия имкон дод, ки бо намояндагони бисёр донишкадаҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ барпо намуда оид ба ҳамкории минбаъда гуфтугӯ карда шуд.