Санаи 1-уми ноябри соли 2023 аз тарафи ҳайати омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ бо роҳбарии мудири кафедра Тоҷибоева М.И. барои баланд бардоштани маҳорату малакаи забономӯзӣ, сайқал додани тафаккури забономӯзӣ, баланд бардоштани инкишофи маданияти миллӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои корҳои кӯҳӣ ва электромеханика ба осорхонаи Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ва боғи “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташриф бурда аз ин макони таърихиву сайёҳӣ дидан намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева М.И. иттилоъ дод. . Бо роҳбарии роҳбалади ин маркази муҳими таърихӣ омӯзгорон ва донишҷӯён аз Осорхонаи Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев дидан намуда, аз ҳолати таърихӣ ва қаҳрамониҳову даврони замони гузашта огоҳ гардиданд. Маълумот дода шуд, ки Осорхонаи мазкур аз ҳашт ҳуҷраҳои алоҳида аз даврони инқилоб то ба имрӯз бо маводҳои таърихӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Баъд аз тамошои осорхона дар худи маҷлисгоҳи таърихии Қасри Арбоб семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Уважать конститутсию-жить по ней” гузаронида шуд. Сараввал мудири кафедра Тоҷибоева М. сухан намуда, ба донишҷӯён роҷеъ ба тинҷиву оромӣ, сулҳу субботи ҳамешагӣ, ваҳдати комил, талошу қаҳрамони ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти ватани азизамон изҳори андеша намуд. Сипас, корманди осорхона, роҳбалади музейи таърихӣ Ғаниева Махфузахон суханронӣ карда, нухст ҳамагонро ҳамчун меҳмон аз шаҳри Бӯстон барои ташриф пазироӣ намуда, қайд намуданд, ки баргузории ин чорабинӣ барои донишҷӯён як такони бузург ҳам барои илмомӯзию забономӯзӣ ва ҳам огоҳ шудан аз таърихи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баромади худ аз таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз, моҳияти ин санаи таърихӣ, аз таърихи сохтмони ин макони боҳашамат ба донишҷӯён фаҳмонида дод.
Ҳамзамон, муаллими калони кафедра Одинаев Ғ.А. баромад намуда, қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.Мавсуф қайд намуд, ки санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Дар интиҳо донишҷӯён донишомӯзӣ намуда бо забонҳои хориҷӣ байни ҳамдигар суолу ҷавоб намуданд.
Мудири кафедраи забони давлатӣ ва
забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева М.И.