Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии омӯзгорону донишҷӯён ба таври тантанавӣ ғолибони озхмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Кенҷаев Шуҳрат ва магистранти ҳамин донишкада Примзода Меҳваршоҳро истиқбол намуд. Зимни истиқболи гарми ғолибон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ба ғолибон гулҳо тақдим намуда, ононро табрику таҳният гуфтанд.
Сипас, дар толори Шурои олимон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бори дигар ба омӯзгорону кормандон ҷиҳати омода намудани чунин мутахассисон изҳори миннатдорӣ баён карда, арз намуд, ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин имкониятҳо фароҳам оварда шудааст ва ин ҳам сарчашмаи дарёфти олимони боистеъдод ва ситораҳои илму техника мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳар як олим ва ҳар як пажӯҳиҳшгар дар ҷомеа мақому мартаба ва эҳтироми хосеро дорост, ки ин натиҷаи заҳмату пажӯҳиш ва омӯзиш асту ҷомеа низ ба аҳли илм бовар дорад.
Ректори донишкада ба ғолибон ҷоизаҳоро тақдим намуда, сипас ба як нафар омӯзгори ҷавон Маҳмудов Ҳасанбой, ки димломи номзадии илмҳои техникиро дарёфт кард, тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи ихтироъкорӣ Примзода Меҳваршоҳ соҳиби ҷойи сеюм ва Кенҷаев Шӯҳрат сазвори ҷойи сеюм гардиданду Раҳимзода Кӯҳзод бошад, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.