Маҳфили “Нафтчӣ”-и кафедраи геология ва корҳои нафту газ баргузор шуд

Имрӯз,  аз рӯи нақшаи тасдиқгардида дар назди кафедраи геология ва корҳои нафту газ нишастаи навбатии маҳфили “Нафтчӣ” баргузор гардид.
Дар  маҳфили имрӯза, н.и.т., мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Ш.Ж., омӯзгорони кафедра Отаев А.О. ва Обидов Б.А. иштирок намуданд.
Дар ин нишаст аъзои фаъоли маҳфил  донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ Атаханов Сарвар таҳти роҳбарии профессори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов А.А. оид ба мавзӯи «Коллекторҳои нафт ва газ» баромад намуда, қайд намуд, ки дар мавзӯи мазкур асосан ҷанбаи  назариявӣ ба инобат гирифта шудааст. Коркарди конҳои нафту газ – самти асосии ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ мебошад. Дар маърӯза маълумотҳо оид ба коллекторҳои нафт ва газ, масоманокии ҷинсҳои кӯҳӣ, хусусиятҳои азхудгузаронии ҷинсҳои кӯҳӣ, намудҳои коллекторҳои нафт ва газ аз рӯи намуди ҷинсҳои кӯҳӣ, таснифоти коллекторҳо нафт ва газ аз рӯи сохт, синфбандии коллекторҳо аз рӯи хусусият пешниҳод карда шуд.
Ҳангоми баромад, ба донишҷӯён маълумотҳо оид ба коллекторҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ нишон дода шуд. Ба ғайр аз ин, ба донишҷӯён фарқияти коллекторҳо нисбат ба хусусиятҳои физикии онҳо фаҳмонида шуд.
Аз рӯи ҷадвалҳо нишон дода шудааст, ки ҷинсҳои якхела бо хусусиятҳои физикии гуногун (масоманокӣ ва азхудгузаронӣ) коллектори нафт ва газ шуда метавонад ва ё наметавонад.
Дар охири маърӯза пешниҳод намуданд, ки омӯзиши мавзӯи мазкур асосан дар самти геологияи нафт ва газ самаранок мебошад. Ҳангоми баромад аз тарафи донишҷӯёни иштирокдошта, хеле пешниҳодҳои ҷолиб роҷеъ ба масъалаи асосии имрӯза шунида шуд.

роҳбари маҳфили “Нафтчӣ”, омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ
Почоев А.А.