Имрӯз дар толори хурди донишкада зери сарварии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методии донишкада бо ширкати ҳамаи аъзоён барбаргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот котиби Шурои мазкур Сафарзода М. иттилоъ дод.
Ҷаласаро раиси Шуро профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҳар як ҳарф ва ҳар як ҷумлаи мо бояд аз рӯи виҷдон санҷида шавад ва ҳама бояд содиқона масъалаҳоро баррасӣ намуа, барои рушди ояндаи донишкада ва беҳбудии фаъолият саҳмгузор бошем. Ҳамон гуна, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, маориф сутуни давлатдорист ва мо бояд ин ҳарфҳоро шиори худ намуда, содиқона ба тарбияи насли наврас машғул шавем. Ҳадафи мо омода намудани мутахассиси варзида ва зираку ватандӯсту содиқ аст ва бояд ин масъулиятро поквиҷдонона иҷро намоем.
Сипас, дар ҷаласа аз рӯи масъалаи якум оид ба баррасии мавзӯъҳои рисолаҳои хатм ва магистрӣ гузоришҳои расисони Шуроҳои илмӣ-методии факултетҳо Мутаваллиев А. Собирова Ш., Ҷумаев М., Эшонқулов И. шунида шуд. Аз руи масъалаи дуюм оид ба таҳлили дарсҳои кушоди омӯзгорон ва иштирок ба машғулиятҳои таълимии ҳамдигар дар кафедраҳои муассиса гузориши сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Хуршедҷон Юсупов, оид ба масъалаи вазъи раванди таълим дар шуъбаи аспирантура ва магистратура гузориши сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Абдусамад Розиқов, оид ба масъалаи натиҷаи таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоии донишҷӯёни бахши дуюм ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни бахши сеюм гузориши сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Гулнора Қаноатова шунида шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шурои илмӣ-метолдӣ як қатор масъалаҳои ҷорӣ оид ба нашри китобу маълумотҳои таълимӣ баррасӣ карда шуд.