БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН- ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ” ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дархлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хониши сиёсӣ, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни бахшҳои 1 ва 2-юми факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, мудири бахши кор бо ҷавонон Шаҳбоз Насриддинов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро мудири бахши кор бо ҷавонон Шаҳбоз Насриддинов ҳусни бахшида, қайд намуд, ки имрӯзҳо барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз тарафи Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Сипас, муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода оид ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маъруза намуд. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккул додани амнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд.
Дар охир донишҷӯёни донишкада ба музокира баромада, қайд намуданд, ки бо шукргузори аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мо ҷавонони хушбахти замони истиқлол дар шароити мусоид таҳсили илм намуда истодаем. Ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, дар ҳадафи чоруми Стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” саҳми худро гузошта, дар бозори рақобатпазир яке аз мутахассисони варзида гардем.