Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бо мақсади арҷгузорӣ ба  гузаштагони пурҳикмати халқи тоҷик,  махсусан ба симоҳои барҷастаи илму адаб ба монанди Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 22.09.2023 аз ҷониби аъзоёни кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар ҳамташаббуси бо китобхонаи илмӣ – электронӣ дар мавзӯи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қофиласолори назми форс” семинари илмӣ- адабӣ дар толори китобхона бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм, омӯзгорон ва намояндагони дигар кафедраҳо баргузор гардид.
Дар семинар ҳамаи аъзоёни кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аз қабили Тоҷибоева Манзура, Лилия Фёдоровна Симоненко, Ҷалолова Зӯҳро, Силмонова Сурма, Аминова, Баҳронова М, мутахассиси раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Турхасанов Баҳманёр ва ҳамчунин кормандони китобхонаи илмӣ – электронӣ Ӯзбекова Б.А, Шерматова З.Р, Салимзода Неъмат ширкат  намуданд.

Сараввал директори китобхона Ӯзбекова Б.А дар мавзуи “Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қофиласолори адабиёти форсу тоҷик” маърӯза намуда, баъдан номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷалолова З. баромад кард. Ӯ қайд намуд, ки устод А.Рӯдакӣ дар ҳақиқат султони шоирон, маликушшуаро, одамушшуаро, соҳибқирони шоирон шинохта шудаасту мо бо ин ифтихор менамоем.
Гар сари ёбад ба олам кас ба некӯ шоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Баъдан донишҷӯёни бахши якум ва дуюм аз эҷодиёти шоир шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд.