Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли нави таҳсил бо технологияи нав ҷиҳозонида шуд

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли таҳсили нав аз ҷониби Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин се озмоишгоҳи муосир марбут ба ихтисоси технология ва таҷҳизоти заргарӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ хабар доданд.

Барои омӯзиши истифодаи ин технологияҳои муосир ду нафар омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ду нафар омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада дар таътили тобистона ба муддати як моҳ барои омӯзиш ба Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоу фиристода шуданд.

Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тӯли ҳашт сол аст, ки ҳамчун пули дӯстии байни Тоҷикистон ва Чин нақши муҳиме иҷро менамояд.

Маҳз бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсий ҳамкории судманд байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда шуда, дар ин замина барномаи 2+2 барои ихтисоси технология ва таҷҳизоти заргарӣ амалӣ гардида истодааст.


28 августи соли равон дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ маросими ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати Гансу Принт Текнолоҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Тибқи созишнома, ширкати мазкур ба донишкада 1 принтери истеҳсолӣ, 2 3Д принтери таълимӣ, ашёи хом барои принтерҳо, 10 дастгоҳи чопкунӣ ва 80 комплекти маводи таълимӣ тақдим хоҳад намуд.

Директори ин ширкат хонум Пан Йин – оид ба «Татбиқ ва рушди технологияи чопи 3Д» маъруза намуд.

Аз ҷониби ин ширкат аллакай 1 принтери истеҳсолӣ ва як принтери майда бо маводи таълимӣ тақдим гардид.

Дар оянда донишкада бо ширкати Гансу Принт Текнолоҷи барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти зеҳни сунъӣ ва истифодаи 3Д принтерҳои замонавӣ барои рушди панҷсолаи саноат саҳм мегузорад.

Ҳадафи асосии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургӣ ба таъмини бештари корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин аз ҳисоби мутахассисони ватании варзида дар бозори меҳнат ва ҳамзамон донандагони забони чинӣ нигаронида шудааст.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон